баркашидан — [برکشيدن] 1. вазн кардан бо тарозу, баркаш кардан, санҷидан 2. бо ягон зарф андоза кардан 3. кашидан, нақш кардан 4. берун овардан, хориҷ кардан, кашида баровардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баркаш — I [برکش] асоси замони ҳозира аз баркашидан II [برکش] 1. баркашидан, вазн кардан 2. миқдори як бор вазн кардан 3. маҷ. вазн, эътибор III [برکش] рост кардани бинои чӯбкорӣ ё пойдеворе, ки ягон тарафаш фурӯ рафтааст ё каҷ шудааст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баркашида — [برکشيده] 1. сифати феълии замони гузашта аз баркашидан; баркашида шудан 2. болорафта, қадкашида, баланд 3. аз ғилоф беруноварда, аз наём кашида … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қисм — [قسم] а 1. ҷузъе аз чизе, порае аз чизе, ҷузъ, ҳисса, пора, бахш 2. ҷиҳозе, ки ҷузъи таркибии олоте аз таҷҳизот мебошад; қисмҳои эҳтиётӣ аҷзои таркибии олати техникӣ барои дар вақти шикастан ё корхӯрда шудани аъзои аслӣ иваз кардани онҳо 3.… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
санҷидан — [سنجيدن] 1. баркашидан, вазн кардан, паймудан 2. озмудан, имтиҳон кардан; таҳқиқ кардан, тафтиш кардан 3. андоза гирифтан, муқоиса кардан, қиёс намудан чизеро бо чизе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сахтан — [سختن] кит 1. вазн доштан 2. санҷидан, баркашидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тарозу — [ترازو] асбоби баркашидани чизҳо, мизон; тарозуи каппон тарозуи паллакалони овеза барои баркашидани ғалла, пахта ва ғ. ; тарозуи мизон д. тарозуи мавҳуме, ки бо он тибқи ривоёти динӣ рӯзи қиёмат савобу гуноҳи мардумро бармекашанд; тарозуи мисқолӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чарбонидан — [چربانيدن] 1. афзудани миқдори чизе ҳангоми баркашидан, паллаи бор вазнин кардан дар тарозу 2. нархи чизи фурӯширо аз будаш зиёд кардан 3. баҳраву ҳиссаи касеро зиёд кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ